Пайвандҳои дастрасӣ

Дар даври дувуми интихоботи президентии Лаҳистон нахуствазири ин кишвар Бронислав Коморовскӣ пирӯз шуд. Ин пирӯзӣ ба як давраи номуайяни ин кишвар, ки пас аз ҳалокати фоҷиавии раисиҷумҳур Лех Качинскӣ дар суқути ҳавопаймо, ториктар шуда буд, хотима гузошт.

Интихоботи сарнавиштсоз

Дар ҳоле ки 95 дарсади баргаҳои раъй шумурда шудаанд, кумиссиюни марказии интихобот мегӯяд, наздик ба 53 дарсади интихобкунандагон аз Коморовскӣ пуштибонӣ кардаанд. Рақиби Коморовскӣ - Ярослав Качинксӣ, бародари президенти пешин, ки наздик ба 48 дарсад раъй гирифтааст, пирӯзиро ба рақиби худ табрик гуфт.

Ин интихобот барои Лаҳистон сарнавиштсоз унвон мешавад, зеро на танҳо интихоби президент, балки интихоби роҳи ояндаи ин кишвар низ мебошад. Бародарон Качинскиҳо, ки бо Ҳизби қонун ва адолат дар соли 2005 ба сари қудрат омаданд, рӯ ба муҳофизакорӣ оварданд. Онҳо мухолифи ислоҳи риштаи таъминоти иҷтимоӣ ва даври нав хусусигардонӣ буданд ва ба узвияти фаъолтари Лаҳистон дар Иттиҳоди Аврупо ва ояндаи ин иттиҳод шубҳа доштанд. Интихобот ҳамчунин бояд муайян мекард, ки Лаҳистон бештар ба самти Иттиҳоди Аврупо майл хоҳад кард ва ё Русия.

Поёни баҳсу ҷанҷоли Варшава бо Иттиҳоди Аврупо

Пирӯзии Коморовскӣ ва Ҳизби пойгоҳи шаҳрвандии Лаҳистон нишон дод, ки Лаҳистон акнун ба таври комил ба Иттиҳоди Аврупо васл хоҳад буд ва ислоҳоти либералиро пеш хоҳад бурд. Ҳамзамон Коморовскӣ гуфтааст, дар панҷ соли оянда пули евроро қабул мекунад, дар соли 2012 нерӯҳои Лаҳистонро аз Афғонистон хориҷ мекунад ва кишварашро ба рушди иқтисодӣ мерасонад.

Рӯшанӣ ва муайянии роҳи оянда дар ҳол таъсири худро нишон медиҳад. Чунончӣ иқтисодшиноси аршади Бонки миллии Лаҳистон Марсей Релуга мегӯяд: "Мо аллакай беҳбуди пули миллӣ - злотиро ба андозаи як дарсад мебинем. Ба фикрам, ин беҳбуд ба қисме аз ширкаткунандагони бозор дахл дорад, ки ба ислоҳоти бахши умумии молиявӣ бовар ҳосил карданд ва медонанд, ки хатари ветои президент дигар вуҷуд надорад. Вокуниш мумкин аст, кӯтоҳмуддат бошад ва ҳафтаҳои оянда ва дар давоми сол вазъи злотиро бештар омилҳои ҷаҳонӣ муайян хоҳанд кард, то дохилӣ, аз ҷумла ин омил, ки Бронислав Коморовскӣ президент хоҳад буд."

Ба эҳтимоли зиёд дигар баҳсу ҷанҷоле байни Лаҳистон ва Иттиҳоди Аврупо онгуна ки дар давраи Качинскӣ буд, ба вуқӯъ нахоҳад пайваст, ба вижа ки Лаҳистон дар нимаи дуввуми соли оянда раёсати даврии ин иттиҳодро ба даст хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG