Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эҳуд Барак ва Салом Файод дар Байтулмуқаддас


Дар Байтулмуқаддас вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак ва сарвазири Фаластин Салом Файод мулоқот карданд. Ба думболи ин дидору гуфтугӯ ягон изҳороти муштарак нашр нашудааст. Аз ин пеш дафтари Эҳуд Барак хабар дода буд, ки дар мулоқот вазири дифоъ бо сарвазири Фаластин масоили гуногуни робитаҳои дуҷониба баррасӣ мешавад.
Ин нахустин мулоқоти намояндагони сатҳи баланди Исроилу Фаластин дар моҳҳои ахир аст ва дар арафаи музокироти сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раисиҷумҳури ИМА Барак Обама доир шуд. Гуфтушуниди Нетаняҳу ва Обама фардо дар Вошингтон баргузор мешавад. ИМА аз миёнҷигарони аслии раванди сулҳи Ховари Миёна аст ва талоши ба роҳ мондани музокироти мустақими байни Исроил ва Фаластинро дорад.
XS
SM
MD
LG