Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Роза Отунбоева дар Остона


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Қирғизистон Роза Отунбоева дар чаҳорчӯби нишасти сарони кишварҳои узви ЕврАзЭС – Иттиҳоди ҳамкориҳои АвроОсиё дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, мулоқот карданд. Ба иттилоъи дафтари матбуоти ҳукумати муваққати Қирғизистон, "Эмомалӣ Раҳмон хонум Отунбоеваро бо муваффақ гузаштани раъйпурсӣ табрик гуфт ва ба мардуми Қирғизистон сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно кард". Сарони ду кишвар роҳҳои таҳкими минбаъдаи равобити миёни Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Аз ин пеш мулоқоти Роза Отунбоева бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев низ доиршуда буд. Сарвари Русия гуфт, ки Маскав барои кӯмак ба Қирғизистон омода аст. Ӯ ҳамчунин аз мақомоти Қирғизистон хост, ки аз ҳама шаҳрвандон, новобаста ба мансубияташон ба қавму миллат, дифоъ кунанд. Роза Отунбоева дар ин мулоқот гуфт, ки бо вуҷуди оромии феълӣ, имкони сар задани низоъ ва хушунати нав дар Қирғизистон боқӣ мемонад. Бар асари задухӯрдҳо миёни қирғизҳову ӯзбакҳо дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолободи Қирғизистон тақрибан 300 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG