Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев: Маскав барои кӯмак ба Қирғизистон омода аст


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, гуфт, ки Маскав барои кӯмак ба Қирғизистон омода аст. Ӯ дар мулоқот бо раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева дар шаҳри Остона хостори он шуд, ки мақомот аз ҳама шаҳрвандон, новобаста ба мансубияташон ба қавму миллат, дифоъ кунанд.
Роза Отунбоева аз сарвари Русия барои пуштибонияш изҳори сипос кард ва гуфт, ки бо вуҷуди оромии феълӣ, имкони сар задани низоъ ва хушунати нав дар Қирғизистон боқӣ мемонад.
Бар асари задухӯрдҳо миёни қирғизҳову ӯзбакҳо дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолободи Қирғизистон тақрибан 300 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG