Пайвандҳои дастрасӣ

PEC: Дар ним сол 59 хабарнигор кушта шудаанд


Дар нимаи аввали соли равон дар кишварҳои гуногуни олам 59 хабарнигор ҳангоми адои вазифа ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора созмони байнулмилалии Press Emblem Campaign (PEC), мақараш дар Швейсария, хабар дод. Ба гуфтаи Дабири кулли ин созмон Блез Лемпен, аз ҳама бештар – 9 корманди расонаҳои хабарӣ дар Мексика кушта шудаанд. Миёни дигар кишварҳои барои фаъолияти хабарнигорӣ хатарбор – Ҳондурас, Покистон, Нигерия ва Филиппин номбар шудааст. Бар пояи иттилоъи PEC, тайи ним сол дар Русия се хабарнигор ба ҳалокат расиданд. Блез Лемпен мегӯяд, хабарнигорон асосан бар асари низоъҳои сиёсӣ ва аз сӯи гурӯҳҳои мутташакили ҷиноӣ кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG