Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин чораҳои амниятӣ дар Урумчиро тақвият бахшид


Мақомоти Чин чораҳои амниятӣ дар минтақаи мухтори Шинҷону Уйғур, воқеъ дар ғарби кишварро, таҳким бахшидаанд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз бенизомиҳо дар солгарди низоъи қавмӣ, низомиёни кишвар хиёбонҳои шаҳри Урумчиро таҳти назорат гирифтанд. Вуруд ба майдони марказии шаҳр ғайримумкин аст.
Як сол пеш бар асари задухӯрд миёни уйғурҳо ва чиноиҳои маҳаллӣ дар Урумчӣ ва дигар шаҳрҳои Шинҷону Уйғур тақрибан 200 нафар кушта шуда ва 1700 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Бо иттиҳоми ширкат дар ин бенизомиҳо чандин нафар бо ҳукми додгоҳ эъдом шуданд.
XS
SM
MD
LG