Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии Коморовскӣ наздик аст


Бронислав Коморовскӣ, раиси Сейм ва кафили раёсатҷумҳурии Лаҳистон, дар интихоботи президентӣ пирӯз мешавад. Комиссиюни интихоботии кишвар гуфт, ки 95 дар сади баргаҳои раъй шумурда шудаанд ва, бар пояи онҳо, аз Коморовскӣ 52, 6 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд. Рақиби ӯ - номзад аз ҳизби “Ҳуқуқ ва адолат” Ярослав Качинскӣ каме бештар аз 47 дар сади овозҳоро соҳиб шудааст.
Натоиҷи расмии интихобот бояд имрӯз эълон шавад. Субҳи душанбе Ярослав Качинскӣ бохти худ дар интихоботро эътироф кард. Ярослав - бародари раисиҷумҳури пешин Лех Качинскӣ мебошад, ки 10 апрели соли равон ҳамроҳ бо хонумаш ва гурӯҳи бузурги сиёсатмадорону донишмандони лаҳистонӣ бар асари суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленски Русия ба ҳалокат расида буд.
XS
SM
MD
LG