Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон вориди Тифлис шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, дар ҷараёни сафари панҷрӯзааш ба Аврупои шарқӣ ва Қафқоз, имрӯз вориди Гурҷистон шуд. Дар Тифлис хонум Клинтон бо раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ мулоқот хоҳад кард.
Рӯзи якшанбе ҳангоми боздидаш аз Озарбойҷону Арманистон, вазири умури хориҷии ИМА аз ин ду кишвар хостори ҳарчӣ зудтар ҳаллу фасл кардани қазияи Қарабоғи кӯҳӣ шуд. Зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ дар Ереван ӯ гуфт, ки ИМА барои кумак дар расидан ба сулҳи пойдор дар ин минтақа омода аст. Ӯ гуфт, ки "ба хотири манфиатҳои пеш аз ҳама Қарабоғи кӯҳӣ ва аммо Озарбойҷону Арманистон ва кулли минтақа, бояд ҳама корро анҷом диҳем, то ки ҳамроҳ ба дарёфти роҳҳали қобили қабул ва дарозмуддати ин низоъ муваффақ шавем".
Арманистон ва Озарбойҷон шурӯъ аз соли 1994, баъд аз қатъи ҷанги сесола, ки ҳазорон кушта бар ҷой гузошт, дар мавриди ба кадом кишвар мансуб будани Қарабоғи кӯҳӣ баҳс мекунанд.
Хонум Клинтон дар ҷараёни ин сафараш бо мақомоти Украина ва Лаҳистон ҳам дидору гуфтугӯ карда буд.
XS
SM
MD
LG