Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёни кишоварзони Рашт аз боздошти вагонҳо


Масъулини воҳидҳои кишоварзии минтақаи Рашт мегӯянд, боздошти вагонҳои ҳомили Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон боиси вайрон шудани тухмии картошкае шудааст, ки мебоист ба дасти кишоварзони ин водӣ мерасид.

130 тонна тухмии картошка вақте аз қаламрави Узбакистон иҷозаи убур ёфт ва ба дасти кишоварзони водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон расидааст, ки қисме аз он пӯсида ғайри қобили истифода шудааст.

Боздошти вагонҳо инчунин боиси он шудааст, ки заминҳои картошка дар ин минтақа нокишта бимонад. Бинобар дер дастрас намудани тухмӣ, мутахассисон исмол имкони гирифтани ҳосили хуби картошкаро баъид медоданд.

Гузориши ҳамкори мо Маҳмуди Шодиро аз водии Рашт дар ин бора ин ҷо метавонед бишнавед:


XS
SM
MD
LG