Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори нави Туркия барои қатъи равобит бо Исроил


Туркия ба эътидоли равобит бо Исроил фақат дар ҳоле омода хоҳад буд, ки Тел-Авив барои ҳалокати шаҳрвандони Туркия бар асари ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба корвони киштиҳо бо кумаки башарӣ барои навори Ғазза расман маъзарат хонад. Ба навиштаи расонаҳои Туркия, дар ин бора вазири умури хориҷаи кишвар Аҳмад Довудоғлу изҳорот дода афзудааст, ки дар акси ҳол равобит миёни ду кишвар қатъ карда хоҳад шуд. Игал Палмор, намояндаи ҳукумати Исроил дар посух ба ин изҳорот гуфтааст, ки “Исроил барои дифоъ аз худ узрхоҳӣ карданӣ нест”.
31 майи соли равон корвони киштиҳо бо кумаки башарӣ талош кард, ки муҳосираи дарёии Ғаза аз сӯи Исроилро шиканад ва аммо низомиёни исроилӣ ба ин монеъ шуданд. Дар бархурди болои киштӣ 9 ҳомии ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин кушта шуданд, ки 8 нафари онҳо шаҳрвандони Туркия буданд. Ин ҳодиса боиси бӯҳрони ҷиддӣ дар равобити миёни Туркия ва Исроил шуд. Аз ин пеш ҳам мақомоти Туркия эътидоли равобит бо Исроилро бо узрхоҳии Тел-Авив барои ин ҳодиса марбут карда буданд. Ва аммо ҳар дафъа мақомоти Исроил посухи рад медиҳанд.
XS
SM
MD
LG