Пайвандҳои дастрасӣ

Дар кохи ҷавонони Хоруғ ҳамзамон маросими издивоҷи 40 ҷуфт арӯсу домод баргузор гардид. Ин иқдом барои шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон бесобиқа мебошад.

Ба гуфтаи Бунёдбек, яке аз навхонадорон одатан мардум ба ҳам рӯ ба рӯ омадани ду «шаҳ»-ро хосияти хуб намедонанд, аммо ҳузур дар маросими издивоҷи навхонадорон барои ӯ ва завҷааш хотирмон буда, дар ин ҷо бо чанд ҷуфти дигар ошноӣ пайдо кардаанд.

Сардори идораи сабти аснод ва ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят Марзия Некпаева, баргузории маросимро барои фароҳам сохтани шароитҳои аввалияи иҷтимоии навхонадорон аз хонаводаҳои камбизоат боаҳамият номид.

Ӯ гуфт, ки дар ин маросим навхонадорон аз шаҳри Хоруғ, навоҳии Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва Ишкошим ширкат варзида, арӯсу домод сару либос, мошинаи дарздузӣ, яхдон, қолин ва дигар ҷиҳози рӯзгордор ба маблағи умумии бештар аз 2, 5 ҳазор сомони тӯҳфа гирифтанд.

Ҳадяҳои фаровон сабаби коҳиши талоқ?

Сардори идораи сабти аснод беҳтаршавии шароитҳои иҷтимоиро яке аз сабабҳои кам шудани талоқ байни оилаҳои ҷавон медонад, ки тайи солҳои охир рӯ ба густариш доштааст.

Ба гуфтаи Ғарибмо Ватаншоева, як модар аз ноҳияи Рӯшон меҳмонон ва хешовандон дар боғ ҷамъ шуда, арӯсу домодро интизор ҳастанд, аммо барои писар ва арӯсаш муошират бо ҳамтоёнашон хуш омадааст ва акнун арӯсу домод ба тӯйяшон дер, вале бо тӯҳфа мерасанд.

Маросими арӯсӣ бо намоиши суннатҳои туйи арӯсу домодӣ дар Бадахшон шурӯъ гардид.

Тӯи бадахшӣ - намоиши диданӣ

Яке аз рафиқони «шоҳи тахти домодӣ» домодро дар пушт гирифта, ба хона медарорад ва омода сохтани домод ба пешвози арӯс бо сурурди сартарошон оғоз мешавад. Зери садои ҳофизони хушадо, ки сараки шаҳро гоҳе ба тарбузи ғелону гоҳе теғи ларзон монанд, мекунанд, нахуст тоқии помирӣ бар сари шаҳ мегузорад.

Аммо сипас ясаввул - касе, ки бо чӯбдасти рамзӣ дар пойгаҳ ҳозир аст, бо «баҳонаи» кӯтоҳ будани остини курта ва ё танг будани шиму костюм ва кафши домод, аз хешовандон ва наздикони домод ҳадя меситонад. Пас аз омода шудани домод як пирзани солманд бо ғалбел шириниҳо ва тангаҳоро чун нишонаи зиндагии пур ва ҳаёти осуда бар сари домод мепошад ва бачагон ин шириниҳо ва тангаҳоро мечинанд.

Арӯс бо чанд пироҳан ва шаш руймоли рангоранг оро дода мешавад. Аммо ранги пироҳан ва рӯсарии нахустинеро, ки арус ба сар мекунад сафед буда, рамзи ифаат ва покизагиро ифода мекунад.
Ҳангоми ворид шудан ба хона, кадбону ба китфи рости домоду арӯс чун нишонаи бахти сафед, кафи орд мепошанд.

Ба гуфтаи ҳунарманд Ортиқи Қодир дар туйи сунанатии помирӣ бисёре аз расмҳои ориёӣ боқӣ мондааст ва маҳз ин қадим будани
фарҳанг ба маросим ҷаззобияти бештар мебахшад.

Дар назди оилаҳои ҷавон ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Бовар Хусравов ва завҷааш Майсара Дилдорова баромад намуда, оид ба зиндагии ҳамҷояи 45 солаи хушбахтонаи хонаводаги нақл карданд.

Президент- падарарӯс

Аммо чанд рӯз қабл, Эмомалӣ Раҳон, президенти кишвар низ дар кохи ҷавонони навбунёди Хоруғ дар маросими бастани ақди никоҳи 9 оилаи ҷавон ширкат варзида, падарарӯс гардид.

Тибқи одат ба хотири эъманӣ аз чашми бад ва офатҳо ба сари арӯс дар хонааш русариҳо ва аз боло руймоли сурх меандозанд ва ба хонаи домод гусел мекунанд.

Дар хонаи домод нафаре аз наздикон, ки бо камонак ва тири чӯбин рӯсариро боло ва чеҳраи арӯсро боз мекунад, мақоми падарарӯсро мегирад.

Президент низ бо суханони се «падар се модар» ва бо тиру камон рӯсарии яке аз арӯсонро се маротиба болову поён карда бардошт ва дар баробари волидайни домод ва арӯс ҳаққи падарарӯсиро соҳиб гардид.

Пас аз рӯнамо кардани чеҳраи арӯс, тибқи русум ба манзури рафъи кулли офот тири чубин аз равзана ба боло андохта мешавад.

Туйи арусу домод ва ё помирисур, яке аз анъанаҳои фарҳангии мардуми Бадахшон аст, ки хоҳишмандони тамошо кардани он байни меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар зиёданд.

Масъулин риштаи сайёҳии минтақа ба манзури ташвиқ ва истифода аз арзишҳои фарҳангӣ, ба ҳайси сарчашмаи даромад, ахиран намоиши помирисурро баррои меҳмонони дохил ва хориҷ ба роҳ мондаанд.

Маросими издивоҷи якбораи 40 ҷуфтро дар Хоруғ, ки бо ибтикори мақомоти маҳаллӣ ва кумитаи имдоди Имом Ҳумайни баргузор гардид, коршиносон аз лиҳози иҷитимоӣ барои хонаводаҳои ҷавон бо аҳамият ва кӯшиши ҳузури бештари фарҳангии Эрон дар минтақа арзёбӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG