Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии байналмилалии дӯстона, ки рӯзи 3-юми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз тими «Ҳессен Кассел»-и Олмон бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.

Михаил Сепек, капитани «Ҳессен Кассел», дар дақиқаи 16-ум ҳисобро боз кард. Баъди даҳ дақиқа Анвар Норқулов, нимҳимоятгари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Рене Окс, бозигари меҳмонон, се дақиқа пеш аз танаффус голи дуввуми «Ҳессен Кассел»-ро ба самар расонд. Торстен Байер дар замони изофӣ (90+4) ҳисобро афзун кард – 3:1.

Бояд тазаккур дод, ин бозии дӯстона, ки бо ибтикори раҳбарони бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва Ширкати «Volkswagen» дар Тоҷикистон доир шуд, дар таърихи футболи тоҷик саҳифаи нав кушод. Зеро ки ин аввалин бозӣ байни тимҳои футболи Тоҷикистону Олмон маҳсуб мешуд.

Мирко Дикҳаут, сармураббии тими «Ҳессен Кассел», дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, аз даъват ва пазироии хуши мизбонон хеле мамнунанд ва изҳори боварӣ кард, ки ин бозии дӯстона сарфи назар аз натиҷааш барои мустаҳкамшавии равобити варзишии футболбозони ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин бозии дӯстона ба иди футбол табдил ёфт. Мо аз ташрифи дастаи меҳмон – «Ҳессен Кассел», ки дар Лигаи минтақавии Олмон дар минтақаи «Ҷануб» бозӣ мекунад, ба шаҳри Душанбе хеле хушҳол шудем. Бозии меҳмонон барои бачаҳои мо намунаи ибрат аст ва онҳо, бешак, таҷрибаи хуб омухтанд, ки дар бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ба кор меояд. Футболбозони мо низ кӯшиш карданд, ки бозии хуб нишон диҳанд. Вале бозии аҳлона ба чашм намерасид. Зеро ҳар кадом мехост дар алоҳидагӣ ҳунари худро нишон диҳад. Интизоми бозӣ ба беҳбудӣ ниёз дорад. Мо, албатта, дар ҷараёни сабқати Лигаи олии кишвар аз паи ислоҳи камбудиҳо мешавем ва мухлисони худро, ки моро хуб дастгирӣ карданд, албатта, хурсанд хоҳем кард».

Пас аз анҷоми ин бозии дӯстона лотереяи молӣ баргузор шуд, ки мухлисони хуштолеъ соҳиби маркази мусиқӣ, телевизор ва мошини сабукрави олмонии тамғаи «Volkswagen» гардиданд. Чунончи, мухлиси футбол Нурулло Ҷонмаҳмадов, коргари корхонаи «Тоҷиксемент»-и Душанбе, бо мошини бо чиптаи лотереяи бурд кардааш (нархи чиптаи тамошои бозӣ ва ҳам лотерея – 15 сомонӣ) аз варзишгоҳ озими хонааш шуд. Калиди мошинро аз номи ташкилкунандаи ин сабқат ва бозии лотерея - Рустами Эмомалӣ капитани дастаи "Истиқлол" Юсуф Рабиев супурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG