Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз ба қасди ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви ҷомеаи ҳамкории иқтисодии АврОсиё ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард. Қарор аст дар ин нишаст ҳамгироии кишварҳои узви АврОсиё дар заминаҳои иқтисодӣ, молӣ ва тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Ҳамчунин, сарони кишварҳои узви АврОсиё имкон хоҳанд дошт, ки Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистонро ба 70 солагии мавлудаш табрик кунанд.

Дар ин сафар раиси ҷумҳури Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ ва вазирони молияву иқтисод ҳамроҳӣ мекунанд.

Аммо ба назари коршиносон барои Тоҷикистон ширкат дар ин нишаст, қабл аз ҳама ба баҳонаи густариши ҳамкориҳо дар чаҳоряӯби ин созмон, ба манзури баррасии мушкилоти тиҷоратӣ ва иқтисодиву сиёсии пешомада бо Узбакистон ва Русия муҳим аст.

Мардуми Тоҷикистон дар моҳи гузашта, аз сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, ба манзури ширкат дар нишасти сарони узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай умедвории зиёде дошт, ки бароварда нашуд. Интизор мерафт, ин сафар ва дидори Раҳмон бо Каримов масъалаи таҳрими эълоннашудаи Тоҷикистон тавассути Узбакистонро ҳал кунад.

Аммо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ба сароҳат посух дод, ки роҳро ба рӯи вагонҳое, ки ҳомили маводи сохтмони барои нерӯгоҳҳо бошад, боз намекунад. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳҳоро ба ғояи миллӣ табдил додааст.

Аз сӯи дигар, дар рӯзномаи нишасти сарони СҲШ ин масоил матраҳ набуд, балки умдатан масъалаҳои амниятӣ баррасӣ шуд. Ва фурсате барои матраҳ кардани ин масъала дар чаҳорчӯби СҲШ иттифоқ науфтод.

Ҳалли деринтизор

Аз аввали соли равон то кунун, Тоҷикистон дар ворид кардани маводи зарурӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳои худ ба мушкил мувоҷеҳ шудааст. Зеро Узбакистон аз убури муназзами қаторҳои Тоҷикистон аз қаламрави худ монеъа эҷод мекунад.

Узбакистон даъво дорад, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ба муҳити зист дар кишварҳои поёноб зиён ворид мекунад, заминҳои кишт ба биёбон табдил мешавад ва имкони сар задани фоҷеъаҳои бештари зистмуҳитиро фароҳам мекунад.

Аз сӯи дигар, ахиран Русия низ барои маводи сӯхте, ки ба Тоҷикистон содир мекунад, боҷӣ изофии гумрукӣ ҷорӣ намуд. Ин ҳол боиси болоравии қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон шудааст. Ва мақомоти Тоҷикистон аз Русия хостори бознигарии ин қарор шудаанд.

Акнун, ки нишасти сарони кишварҳои узви АврОсиё доир мешавад ва мавзӯъҳои аслии он ҳамгироӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад, коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон имкон дорад, масъалаи маводи сӯхт, вагонҳо ва инчунин иҷрои барномаҳои энержии худро ба минбари ин созмон бикашад ва посухе ҳам дарёфт кунад.

Барои гирифтани ин посух низ интизории зиёде набояд кашид, зеро нишасти мазкур то поёни имрӯз анҷом хоҳад пазируфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG