Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои Клинтон аз Арманистону Озарбойҷон


Интизор меравад, ки имрӯз Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико аз Гурҷистон боздид ва бо мақомоти баландпояи ин кишвар дидору гуфтӯгу кунад. Хонум Клинтон пеш аз ин дар Озарбойҷон ва Арманистон буд ва аз ҳар ду кишвар даъват кард, барои як созиши бардавоми сулҳ дар мавриди муноқишаи Кӯҳистони Қаробоғ саъй кунанд. Ӯ дирӯз баъди мулоқоташ бо Серж Саркиссиён раиси ҷумҳури Арманистон гуфт: “Ин беш ва пеш аз ҳама ба нафъи мардуми Кӯҳистони Қаробоғ аст ва албатта ба нафъи Озарбойҷон, Арманистон ва тамоми минтақа аст, ки ба ҳадде, ки метавонем ҳамроҳ бикӯшем, то роҳи ҳалли қобили қабул ва собити ин муноқиша ба даст ояд.” Хонум Клинтон афзуд, кишвараш омода аст, барои дарёфти роҳҳи ҳалли муноқишаи бадарозокашидаи Кӯҳистони Қаробоғ ба Арманистону Озарбойҷон кӯмак кунад. Ӯ ҳамчунин аз Туркия даъват кард, то барои мӯътадилсозии равобит бо Арманистон ва боз кардани марзҳояш бо ин кишвар талош талош варзад.
XS
SM
MD
LG