Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми таҳвили масъулияти муҳим ба Петреус


Дейвид Петреус, генерали амрикоӣ масъулияти фармондеҳии нерӯҳои байналмилалилии 130 ҳазор нафарӣ дар Афғонистонро бар дӯш гирифт. Ҳангоми расми таҳвили масъулият дар шаҳри Кобул Дейвид Петреус дирӯз гуфт, маъмурияти нерӯҳо дар Афғонистон ба “як марҳалаи ҳассос ворид шудааст”: "Мо ба як ҷанги сахте ворид шудаем. Баъди чандин соли ҷанг мо вориди як марҳалаи ҳассос шудаем. Мо бояд ба мардуми афғон ва ҷаҳон бояд нишон бидиҳем, ки намегузорем, то ки Ал-Қоида бо шарикони ифротгарояш дигарбора дар Афғонистон ҷо бигиранд ва бо истифода аз хоки ин кишвар ба мардуми афғон ва дигар миллатҳои озодидӯсти ҷаҳон ҳамла кунанд." Ӯ дар ҳузури чандсад, сарбози НАТО ва мақомоти Афғонистон гуфт, ки “мо тасмим дорем, дар ҷанги Афғонистон пирӯз шавем. Генерал Дейвид Петреус, ҷойгузини Стейнлӣ Маккристал шуд, ӯро баъди баёнияҳои баҳсбарангезаш дар мавриди мақомоти олирутбаи Амрико аз мақомаш барканор карданд.
XS
SM
MD
LG