Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден бо раиси ҷумҳури Ироқ мулоқот мекунад


Қарор аст, имрӯз Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, бо Ҷалоли Талабонӣ, раиси ҷумҳури Ироқ дидору гуфтӯгу кунад. Ҷо Байден дирӯз бо Иёд Аллавӣ, нахуствазири собиқи Ироқ мулоқот кард, ки ӯ тақрибан Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири феълии Ироқро дар интихоботи моҳи март шикаст дод. Ҷо Байден ҳамчунин рӯзи якшанбе бо Нурӣ Ал- Моликӣ низ гуфтӯгу дошт. Аз замони интихоботи порлумонии Ироқ, ки касе дар он пирӯзи мутлақ нашуд, сиёсатмадорони ироқӣ дар мавриди фарде, ки бояд ҳукумати навро таъсис диҳад, баҳс мекунанд. Нурӣ Ал-Моликӣ ва Иёд Аллавӣ саъй доранд, то бо ҷалби тарафдории аксарият дар порлумон ҳукумати Ироқро таъсис диҳанд.
XS
SM
MD
LG