Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳуд Барак бо нахуствазири фаластиниён мулоқот мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Эҳуд Барак, вазири дифоъи Исроил бо Салам Файод, нахуствазири фаластиниён музокироти сулҳи байни ду тарафро баррасӣ кунад. Мақомоти расмӣ чизе доир ба макони мулоқот нагуфтаанд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки имрӯз озими Вашингтон мешавад, рӯзи якшанбе гуфт, умедвор аст, мулоқоташ бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз музокироти ғайримустақими Исроилу Фаластиниён ба музокироти мустақим хоҳад расонд. Тамосҳо дар сатҳи олӣ миёни Исроил ва фаластиниён баъди ҷанги харобиовари 22 рӯзаи Исроил дар Навори Ғазза дар охири соли 2008 ва аввали соли 2009 амалан қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG