Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: "Агар сиҳатӣ иҷоза диҳад, ...."


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон мегӯяд, “агар сиҳатиаш иҷоза диҳад”, як даҳсолаи дигар дар сари қудрат хоҳад монд. Нурсултон Назарбоев, ки фардо 70-сола мешавад, ба телевизиони Русия гуфт, мехоҳад, “барномаи санъативу навсозии Қазоқистон барои соли 2020 иҷро кунад, ки ҳосилнокии кор дар Қазоқистонро ду маротиба ва рушди иқтисодиро 50 дар сад хоҳад афзуд.” Ба гуфтаи Назарбоев, “агар эътимоди мардум мисли имрӯза» бошад, дар сари қудрат хоҳад монд. Чанде пеш порлумони Қазоқистон бо қабули қароре Нурсултон Назарбоевро “пешвои миллат” эълом кард.
XS
SM
MD
LG