Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳурот дар шаҳри Ӯши Қирғизистон


Ҳудуди 200 тазоҳургар охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ӯш ҷамъ омада ва хостори гуногунмиллиятии артиш ва ниҳодҳои интизомии Қирғизистон шудаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар ин тазоҳурот дар баробари қароргоҳи ҳукумати шаҳри Ӯш, тазоҳургарон хостори назорати байналмилалии артиш ва нерӯҳои интизомии Қирғизистон шудаанд. Онҳо ҳамчунин талаб кардаанд, то низоъҳои хунин дар ҷануби ин кишвар бетарафона таҳқиқ шавад ва ҷустуҷӯи афроди бенишоншуда низ суръат бахшида шавад. Бино ба гузоришҳо, баъди низоъҳои хунини қавмии миёни қирғизу ӯзбакҳо дар аввали моҳи июн ӯзбактаборони минтақаи Ӯш ба артиши Қирғизистон эътимод надоранд, зеро дар он аксаран қирғизҳо хидмат мекунанд. Олимҷон Бойгазаков муовини шаҳрдори Ӯш бо тазоҳургарон мулоқот карда ва ваъда додааст, ки талаби онҳоро ба мири шаҳр мерасонад.
XS
SM
MD
LG