Пайвандҳои дастрасӣ

Коморовскӣ раиси ҷумҳури нави Лаҳистон?


Бар асоси назархоҳиҳои баъд аз интихоботӣ, Бронислав Коморовскӣ, намояндаи ҳизби ҳокими Лаҳистон дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз шудааст. Назархоҳии телевизиони давлатии Лаҳистон нишон додааст, ки Бронислав Коморовскӣ, раиси ҷумҳури мувваққат, 53 дар сад ва рақиби ӯ Ярослав Качинскӣ, номзади ҳизби ростгарои мухолифи давлат 47 дар сади орои мардумро ба даст овардааст. Ярослав Качинскӣ, шикасти худро эътироф карда ва рақибашро низ бо пирӯзӣ табрик гуфтааст. Интихоботи раёсати ҷумҳури Лаҳистон, ки ба даври дуввум кашид, баъди ҳалокати Лех Качинскӣ дар суқути ҳавопаймо дар моҳи апрел баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG