Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Аблязовро дар яғмои маблағ айбдор мекунад


Кумитаи тафтишотии вазорати умури дохилии Русия алайҳи раиси собиқи БТА банк Мухтор Аблязов дар ғайбаш иттиҳом эълон кард. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, мақомоти Қазоқистон Аблязовро дар он айбдор мекунанд, ки бонкро муфлис кардааст. Дар Русия алайҳи ӯ иттиҳоми яғмои 5 миллиард доллар эълон шудааст.
Қаблан дар Русия чанд нафар бо гумони ҳамдастӣ бо Мухтор Аблязов боздошт шуда буданд. Ба иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, худи Аблязов айни ҳол дар Бритониё ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG