Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 60 қочоқбари афғон дар як амалиёти вижа


Бар асари як амалиёти вижаи дурӯза дар ҷануби Афғонистон беш аз 60 фарди мусаллаҳ ва аъзои гурӯҳи ҷиное, ки ба қочоқи маводи мухадир машғул буданд, ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Афғонистон даҳ нафар, аз ҷумла, чанд шаҳрванди хориҷӣ боздошт шуданд. Дар ин амалиёт 16 тонна маводи мухадир ошкор ва мусодира карда шудааст.
Амалиётро кормандони гурӯҳи вижаи мубориза бо қочоқи маводи мухадири Афғонистон дар ҳамдастӣ бо низомиёни нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар мавзеъҳои ҳаммарз бо Покистон анҷом доданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG