Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ромадӣ як зан худро инфиҷор кард


Имрӯз як зани маргталаб худро дар канори бинои ҳукуматӣ дар шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анбор, воқеъ дар ғарби Ироқ, инфиҷор кард. Дар ин ҳодиса дасти кам чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки мусаллаҳони мухолифи ҳукумат дар вилояти Анбор фаъол шудаанд. Рӯзи сешанбеи гузашта нерӯҳои амниятӣ дар канори шарқии Ромадӣ маргталаберо бо маводи тарканда ҳадафи тир қарор доданд ва аз як ҳамлаи террористӣ алайҳи мусалмонҳое, ки барои намози бомдод ҷамъ омада буданд, ҷилавгирӣ карданд.
XS
SM
MD
LG