Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ман, Нарзуллоҳи Латиф, хабарнигори радиои Озодӣ, аз 22-юм то 24-уми июни соли 2010 ба ноҳияи Дарвоз сафари корӣ доштам.

Аз ин ҷо дар бораи дар Рӯзи олимпӣ ва дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода додани толори нави варзишии «Вастан» ва дар он баргузории нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзю-до байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Ваҳдати миллӣ» барои веб-сайти Радиои Озодӣ гузориш бо аксҳо омода кардам.Инчунин дар барномаи иттилоотии Радиои Озодӣ шоми 26-уми июн гузориши муфассал бо садоҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва паҳлавони маъруф Расул Боқиев пахш шуд.

Мо ҳамроҳи Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии олимпӣ ва сабқати ҷаҳонӣ дар риштаи дзю-до, Набимуҳаммад Хоркашев, барандаи медали нуқраи сабқати ҷаҳонӣ ва қаҳрамони Осиё оид ба гуштии самбо, ки дар ин мусобиқа парчами Тоҷикистонро барафрохтанд, падари Расул Боқиев – мураббии варзида Худойназар Боқиев ва Маҳмуди Абдулло, раиси Федеросиюни гуштии самбои Осиёи Марказӣ ва дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон, аз тамошои манзараҳои дилрабои кӯҳистон ба ваҷд меомадем.

«Шунидан кай бувад монанди дидан», гуфтаанд. Ва ҳоло чандин аксҳое, ки ҳангоми сафари Дарвоз гирифтаем, ба шумо, хонандагони сомонаи интернетии Радиои Озодӣ пешкаш мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG