Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз вазъи сиҳати дигарандеши кубагӣ


Нашрияҳои расмии Куба дар бораи бад шудани вазъи сиҳати дигарандеши зиндонӣ Гилиермо Фаринас хабар доданд. Табиби Фаринас дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Гранма” ҳадс задааст, ки дигарандеши маъруф шояд рӯзҳои наздик оламро тарк намояд. Ва аммо расонаҳои давлатӣ аз гуруснанишинии Фаринас аз моҳи феврал ба ин сӯ ёдовар нашудаанд. Гилиермо Фаринас талаб дорад, ки мақомот ҳама маҳбусони сиёсии маризро аз зиндон раҳо кунанд. Моҳи феврали соли равон дигар маҳбуси сиёсӣ - Орландо Сапата баъд аз гуруснанишинии 82-рӯза аз олам даргузашта буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG