Пайвандҳои дастрасӣ

Мактуби шикоятии хар: Аз аввал бояд ба шумо, ҷанобон ва рафиқон, гўшрас кунам, ки хари ҳақиқӣ, бузигариро дўст намедорад. Зиёда аз он, тобу тоқати наздикӣ ва ҳамсоягии ин ҷондори хабаркашро надорад. Лекин, ҳоло маҷбурам, просто, маҷбурам, ки андаке бузигари кунам!

«Бо моҳ шинӣ, моҳ шави - бо буз шини... хари сиёҳ шавӣ»... Чунин омадааст дар зарбулмасали авлодии мо. Ана аз ҳамин сабаб ҳам мо ҷомеаи харҳо, аз ҳамнишинӣ бо бузҳо қотеан норозием! Пештар, мо гузоштани номи харро дар паҳлўи номи буз, хатои маҳз мешумурдем ва дар талаби он будем, ки номгузорон ин хаторо ҳарчи тезтар ислоҳ кунанд.

Онҳо ба ҷои ислоҳи хатои худ, бузҳоро ба оғили мо оварда дар паҳлўи мо ҷо карданд, ки ин таҳқири рўӣрост ба унвони мост. Дар паҳлўи маркаб ҷой додани буз ба маънои томаш харигарист.

Чанде пеш ин шохчунгакҳои бесоҳиб, ҳели худро доштанд. Харҳои ҳақиқӣ ҳаргиз ба он наздик намешуданд ва худро ба шиғи ҳел намешакиданд. Онҳо ин корро на барои он намекарданд, ки аз чаппа шудани шиғ ва бо ин баҳона ду се халачўб хурдан аз соҳиби худ ҳарос доштанд.

Харҳо, аслан аз касалии модарзоди бузон, ки бо номи «Хоришак» машҳур аст ва тамоми ҳафт пушташон гирифтори ин беморист, ҳазар мекарданд. Хуб медонистанд, ки бузон дар ҳама ҷо худро мешаканд ва мехоҳанд бо ин восита насли харонро ба касалии безеби худ гирифтор карда, пўсти зебояшонро мисли пўсти худашон безеби дойразеб гардонанд.

Аз афташ, коми ин ҷондорони зормондаро момояшон ба шайтонию хабаркашӣ бардоштааст. Доим корашон бузигарӣ, мардумро ба бузбозӣ меандозанд, ва сабабгорӣ ҷангу ҷанҷоли ҳамсояҳо ва хешу таборҳо мегарданд.

Агар андаке борон борида монад, онҳо дарҳол ҷинҷ зада боз безебтар мешаванду аз афташон шарм надошта, худро Тарбуз меноманд ва агар аз онҳо пурси, ки «Чаро намудат дар тари боз хунуктар мешавад?», дарҳол бо ифтихор: «Чунки мо тарбузи ба ҷуй партофта хунуккарда ҳастем» мегўянд... Бешармҳо!

Боз бо ҳамин ҳолашон, ба мо механданд, ки: «Харҳо пўчоқро хоколуд карда мехуранд!»...

Онҳо аз куҷо медонанд, ки мо ба воситаи хок онро аз хоришаки бузҳо вай... дезинфексия мекунем.

Ана пас аз ҳамин хел хабаркашиҳои беасос, мардум аз пўсти тарбуз мураббопазиро ёд гирифтанд ва кулли ҳайвоноти пўчоқдўстро аз як деликатес маҳрум карданд.

Ҳели бузонро об бурду мо харони дилсўз ба онҳо аз оғили худамон ҷой додем. Барои зисти муваққатӣ. Ин сабилмондаҳо, бо роҳҳои ғайриқонунӣ худашонро пропискаи доимӣ карда гирифтаанду акнун аз пода тари шилтиқ омада дар охури мо хоб мераванд! Мо пас аз ҳангоҳунги бисёр ва халачўбхурӣ ба оғиламон даромада ба ҷои ҷав чиро мебинем? Тарбузи дар охурамон хобидаро. Закускаи халачўб...
Агар аз онҳо оромона илтимос намои, ки «Ҳой Тарбуз, канӣ аз оғили ман фаромада дафъ шав!..» Дарҳол бо баоси хунукашон гўши харҳоро кар карда, даъво мекунанд ки «Баъди пропискаи доимӣ бо харҳо, мо акнун на танҳо «Тарбуз», балки «Харбуза» ҳам ҳастем!»...
Ана харигарӣ... э вай, бузигарӣ. Номашонро дар паҳлўи номи харҳо монда моро боз аз як меваи биҳиштӣ маҳрум карданианд. Шояд барои ҳамин нархи харбуза он қадар баланд рафтааст, ки мардум баъди харидан, онро бо пўсташ мехуранд ва ин деликатес ҳам барои мо дастнорас, яъне фукнорас гаштааст.

Кор ба ҷое расидааст, ки дигар ҷуфтшаттаи харҳо ҳам бузҳоро «одам» карда наметавонад... Дирўз ба як бузичааш ҳазломез: «Ин бо гуноҳи модарат, падаратро чунин чамбаршох гаштааст»- гўям, дарҳол бо ифтихор мегўяд, ки:

Ин ду шохи буз агар хар дошти,
Ҳеҷ касро назди худ нагзошти.


- Ҳой, бузғола,- гуфтам,- «Буз агар хирман мекўфт, ҳоҷати барзагав набуд»!

Вай бошад дарҳол маро тарсонд, ки: барои номи барзагавро беҳурматона гирифтанат аз вай шатта мехури. Ман, албатта, ин хабарро ба ў мерасонам...

Ҳатто бузичаҳояшон бузигарӣ мекунанд. Ана кўдаки ин замона! Думи худаш болою ба дигарон механдад.

Ман ба чўпону подабонҳо ҳайрон: феълу атвори бузонро дониста истода, боз онҳоро роҳбалади рамаю подаи хеш мекунанд. Тақдири гўсфандону говон ва ҳатто харҳои меҳнатдўстро ба серкаҳо ҳавола мекунанд. Магар ин аз рўи адолат аст?

Бинобарин ман талаб мекунам:

1. Бузҳо ҳарчи тезтар ба ҷои пештараашон, ба ҳел, баргардонда шаванд.
2. Номи онҳо абадан аз паҳлўи номи харҳо гирифта шавад.
3. Минбаъд ба тарбуз - Т а р х а р ва ба харбуза - Х а р н о з а ном ниҳода шавад.

Хизматгори шумо: / ҷои сум... яъне имзо / Хари корӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG