Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оятуллоҳ Муҳаммад Ҳусейн Фадлаллоҳ даргузашт


Имрӯз дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон, оятуллоҳ Муҳаммад Ҳусейн Фадлаллоҳ, яке аз рӯҳониёни бонуфуз миёни шиаҳои Ховари Миёна, аз олам даргузашт. Оятуллоҳ Муҳаммад Ҳусейн Фадлаллоҳ, ки Иёлоти Мутаҳидаро дар терроризм айбдор мекард, миёни шиаҳо чун устоди маънавии гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” арзёбӣ мешуд ва аммо худи ӯ инро инкор мекард. Оятуллоҳ Фадлаллоҳ аз инқилоби исломӣ дар Эрон пуштибонӣ мекард ва аз мунаққидони шадиди сиёсати Амрикову Исроил буд.
XS
SM
MD
LG