Пайвандҳои дастрасӣ

Лаҳистон раисиҷумҳури навро интихоб мекунад


Дар Лаҳистон субҳи имрӯз раъйдиҳӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Барои мақоми олии кишвар раиси Сейм Бронислав Коморовскӣ ва раиси ҳизби мухолифи “Ҳуқуқ ва адолат” Ярослав Качинскӣ, бародари раисиҷумҳури пешин Лех Качинскӣ, талош мекунанд. Лех Качинскӣ ҳамроҳ бо хонумаш ва гурӯҳи бузурги сиёсатмадорону донишмандони лаҳистонӣ бар асари суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленски Русия 10 апрел ба ҳалокат расида буд.
Дар даври аввали интихобот Бронислав Коморовскӣ назар ба Ярослав Качинскӣ ҳудуди 5 дар сад бештар раъйҳоро соҳиб шуда буд. Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, дар даври дуввум шонсҳои номзадҳо барои пирӯзӣ тақрибан баробар аст.
XS
SM
MD
LG