Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден бо сарони ду ҳизби Ироқ мулоқот мекунад


Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, ба хотири суръат бахшидан ба раванди ташкили ҳукумати нави Ироқ, имрӯз дар Бағдод бо раҳбарони ду ҳизби бузурги сиёсии кишвар мулоқот мекунад. Қарор аст, ки ӯ аввал бо сарвазири феълӣ Нурӣ ал-Моликӣ ва сипас ҷудогона бо рақиби ӯ, нахуствазири пешини Ироқ Аёд Алловӣ гуфтугӯ кунад. Дар интихоботи парлумонии рӯзи 7 март ягон ҳизб пирӯз нашуд ва раҳбарони ду ҳизби бузург сари мавзӯъ баҳс мекунанд, ки кадоме аз онҳо ҳаққи ташкили ҳукуматро дорад. Нурӣ ал-Моликӣ ва Аёд Алловӣ муддати тулонӣ талош карданд, ки тавассути ҷалби дигар аҳзоб барои дарёфти аксарият дар парлумон ва таъсиси ҳукумати нав муваффақ шаванд.
XS
SM
MD
LG