Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон роҳҳои мубориза бо терроризмро меҷӯяд


Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон, бо ташкили конфаронси миллӣ оид ба дарёфти роҳҳои мубориза бо терроризм мувофиқ аст. Изҳорот дар ин бора баъд аз он пахш шуд, ки дирӯз раҳбари мухолифин Навоз Шариф аз ҳукумат талаб кард, то ба хотири таъмини суботу амният дар кишвар бо фармондеҳои ҷунбиши “Толибон” музокирот анҷом диҳад. Навоз Шариф мутмаин аст, ки “толибон барои гуфтушунид омодаанд”.
Рӯзи панҷшанбе бар асари ду инфиҷори маргталабона дар шаҳри Лоҳур, воқеъ дар шаҳрқи Покистон, 42 нафар кушта ва тақрибан 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дирӯз сокинони Лоҳур ба нишони эътироз алайҳи ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористӣ даст ба коршикании умумӣ заданд - ҳама муассисаҳо ва мағозаву дуконҳои шаҳр баста будаанд.
XS
SM
MD
LG