Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Боку ду намоиши мухолифинро саркӯб кард


Кормандони полиси шаҳри Боку ду намоиши аҳзоби мухолифи ҳукуматро саркӯб карданд. Намоишҳои эътилофи “Озодӣ” ва ҳизби “Мусавват” бо талаби озодии баргузории ҳамоишҳо ва таъмини демократия дар интихоботи парлумонии соҳи ноябр рӯзи шанбе дар ду қисмати ҷудогонаи пойтахти Озарбойҷон баргузор шуданд. Кормандони полис тақрибан 60 нафарро боздошт карданд, баъзеи онҳо ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, кормандони полис ташреҳ кардаанд, ки аҳзоби мухолиф барои баргузори намоишҳо аз шаҳрдорӣ иҷоза нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG