Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни оташсӯзӣ дар Конго


Теъдоди қурбониёни таркиши мошини ҳомили маводи сӯхт ва оташсӯзӣ дар як деҳаи воқеъ дар шарқи Ҷумҳурии демократии Конго ба 190 нафар расид. Даҳҳо нафар бо ҷароҳату сӯхтагӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба мақомоти маҳаллӣ навиштааст, ки мошин аз Танзания меомад ва дар деҳаи Санҷ, воқеъ дар марз бо Бурундӣ, чаппагардон шуд. Баъд аз таркиш сӯхтор ба амал омад ва хонаҳои деҳаро фаро гирифт. Ба иттилоъи хабаргузории Ассошиетед Пресс дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса кӯдакони зиёде ҷамъ омада буданд.
XS
SM
MD
LG