Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳилларӣ Клинтон ба Краков омад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА, барои ширкат дар нишасти байнулмилалӣ бахшида ба даҳсолагии таъсиси Иттиҳодияи демократӣ вориди шаҳри Краков, воқеъ дар ҷануби Лаҳистон шуд. Иттиҳодияи демократӣ - созмони байниҳукуматиест, ки аз сӯи ИМА ва Лаҳистон таъсис шуда, ба он кишварҳои демократии олам шомиланд. Интизор меравад, ки дар мулоқоти хонум Клинтон бо ҳамтои лаҳистонияш Радослав Сикорский масоили амниятӣ, мушкилоти энерҷӣ ва вазъи Афғонистон баррасӣ шавад. Дар поёни мулоқот Ҳилларӣ Клинтон ва Радослав Сикорский як санади иловагӣ ба созиши байни ду кишвар оид ба ширкати Лаҳистон дар бунёди системи зидди ҳамлаи мушакии Амрикоро имзо хоҳанд кард.
Дирӯз вазири умури хориҷии ИМА дар Киев бо бо мақомоти Украина ва раҳбари мухолифин Юлия Тимошенко дидору гуфтугӯ дошт.
Ҳилларӣ Клинтон баъди анҷоми сафараш дар Лаҳистон аз се кишвари қафқозӣ - Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG