Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу: Исроил аз Туркия маъзарат хостанӣ нест


Исроил аз Туркия барои ҳалокати шаҳрвандони ин кишвар бар асари ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба корвони киштиҳо бо кумаки башарӣ барои навори Ғазза маъзарат хостанӣ нест. Ба гуфтаи сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, мақомоти кишвар аз ҳалокати туркҳо муттассифанд ва аммо мутмаинанд, ки низомиён аз худ муҳофизат мекарданд. 31 май корвони киштиҳо талош кард, ки муҳосираи дарёии Ғаза аз сӯи Исроилро шиканад ва аммо низомиёни исроилӣ ба ин монеъ шуданд. Дар бархурди болои киштӣ 9 ҳомии ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин кушта шуданд, ки 8 нафари онҳо шаҳрванди Туркия буданд. Ин ҳодиса боиси бӯҳрони ҷиддӣ дар равобити миёни Туркия ва Исроил шуд. Бенямин Нетаняҳу изҳор намуд, ки хостори амиқрафти ин бӯҳрон нест. Ӯ ҳамчунин тайид кард, ки ин ҳафта яке аз вазирони ҳукумат бо намояндаи воломақоми Туркия гуфтушунид анҷом дода буд.
XS
SM
MD
LG