Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршикании алайҳи терроризм дар Лоҳур


Сокинони шаҳри Лоҳур, воқеъ дар шарқи Покистон, ба нишони эътироз алайҳи гурӯҳҳои террористӣ имрӯз даст ба коршикании умумӣ заданд. Ҳама муассисаҳо ва мағозаву дуконҳои шаҳр баста шудаанд. Бар асари ду инфиҷори маргталабона, ки рӯзи панҷшанбе дар ин шаҳр сурат гирифт, 43 нафар кушта шуда ва тақрибан 200 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи хабарҳо, дар ҷараёни тафтиши ҳодиса 20 "камарбанди шаҳид" бо маводи мунфаҷира ва 20 сару либоси кормандони полис ошкор ва мусодира шудааст. Дар робита ба инфиҷорҳои ахир дар Лоҳур то ҳол касе боздошт нашудааст.
Шурӯъ аз рӯзи ҷумъа дар сартосари Покистон намоишҳои эътирозӣ идома доранд – мардум ба хиёбонҳо рехта, алайҳи толибон, ки масъули инфиҷорҳо дар Лоҳур маҳсуб мешаванд, шиорпартоӣ мекунанд. Намоишгарон аз ҳукумат даъват мекунанд, ки ба хотири хатми терроризм аз чораҳои мушахаас кор бигиранд.
XS
SM
MD
LG