Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Петреус хостори тамаркуз рӯи амалиёти зиддитеррор шуд


Генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи нави нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон, даъват кард, ки талошҳои низомиву ғайринизомӣ дар амалиёти зиддитеррор муттаҳид карда шаванд. Изҳороти ӯ дар ин бора дар маросиме дар сафорати Амрико дар Кобул садо дод. Ба ин маросим, ки дар арафаи Рӯзи истиқлоли ИМА баргузор шуд, 1700 меҳмони афғон, амрикоӣ ва аз дигар кишварҳо даъват шуда буданд. Ин нахустин суханронии Дэвид Петреус дар маҳзари ом баъди пазируфта шуданаш дар мақоми фармондеҳи нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон буд. Дар ин мақом ӯ генерал Стэнлӣ МакКристалро иваз кард, ки баъди нашри ҳарфҳои носазову таҳқиромезаш дар ҳаққи мақомоти баландпояи Амрико дар маҷаллаи “Rolling Stone” аз мақомаш истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG