Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева ба ифои вазифаи раисиҷумҳур шурӯъ кард


Роза Отунбоева расман ба ифои вазифаи раисиҷумҳури Қирғизистон шурӯъ кард. Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури давраи гузариш субҳи рӯзи шанбе дар Бишкек баргузор шуд. Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон, дар раъйпурсии рӯзи 27 -уми июн аз Қонуни асосии нав ва аз номзадии Роза Отунбоева ба ҳайси раисиҷумҳури давраи гузариш беш аз 90 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъйи кишвар пуштибонӣ кардаанд. Татбиқи Қонуни асосии нав аз рӯзи ҷумъа шурӯъ шуд. Хонум Отунбоева то 31 декабри соли 2011 сарварии давлат ва то интихоботи парлумонии моҳи октябри соли равон раёсати кобинаи вазиронро бар ӯҳда хоҳад дошт.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Роза Отунбоеваро ба мақоми нав табрик гуфт ва хостори таъмини суботу амният ва сулҳи бардавом дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон шуд. Сарвари Тоҷикистон дар барқияи шодбош изҳори умедворӣ кардааст, ки бозгашти субот ва ҳокимияти қонун дар Қирғизистон барои густариши равобити миёни ду кишвари ҳамсоя ва дӯст мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG