Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Тоҷикистон аз раъйдиҳии Қирғизистон


Раҳбари ҳайъати Тоҷикистон дар Шӯрои доимии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо аз анҷоми “бомуффақияти” раъйпурсӣ дар мавриди ислоҳи Қонунии Асосии Қирғизистон истиқбол кардааст. Дар баёнияи расмии Нуриддин Шамсов, раҳбари ин ҳайъат омадааст, ки Тоҷикистон ба иродаи сиёсии мардуми қирғиз эҳтиром мегузорад ва омодаи ҳамкории наздик бо мақомоти нави Қирғизистон аст. Ҳамзамон бо ин намояндаи расмии Тоҷикистон дигарбора аз мақомоти Қирғизистон даъват кардааст, то ҷиноятҳои рухдода дар ҷараёни низоъҳои қавмӣ дар ҷануби ин кишварро ба таври шаффоф ва пурра таҳқиқ кунад. Нуриддин Шамсов гуфтааст, шиддат гирифтани низоъи қавмӣ дар Қирғизистон бидуни шубҳа, метавонад паёмадҳои фоҷиабор дошта бошад ва сабаби паҳн шудани таниш дар Осиёи Марказӣ ва хориҷ аз он бишавад. Дар ин баёния, Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки раҳбарияти нави Қирғизистон бо истифода аз фурсат, тартиботро барқарор карда ва мусолиҳа дар миёни тамоми бахшҳои ҷомеаҳои Қирғизистон таъмин мекунад. Бо нашри натиҷаҳои ниҳоии раъйпурсии ҳафтаи гузашта, Қонуни Асосии нави Қирғизистон рӯзи ҷумъа ҳукми иҷро гирифт. Бино ба натиҷаҳои раъйпурсии ислоҳи қонуни асосӣ дар рӯзи 27 июн, бештар аз 90 дар сади раъйдиҳандагон ба тарафдорӣ ва тақрибан 9 дар мухолифи ислоҳи қонунӣ асосӣ раъй додаанд. Эъломи натиҷаҳои раъйпурсӣ роҳро барои савганд ёд кардани Роза Отунбоева, ба ҳайси раиси ҷуҳмур боз кард.
XS
SM
MD
LG