Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ҳамла ба маъбади Лоҳурро маҳкум кард


Дафтари Катрин Эштон, раҳбари идораи умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ҳамлаи хунин ба маъбади сӯфиён дар шаҳри Лоҳурро “вусъати таҳдиди терорризм ва ифротгароӣ дар Покистон хонд. Рӯзи панҷшанбе бар асари ҳамлаи ду бомбгузори маргталаб ба маъбади Дото Ганҷбахш сӯфиён дар шаҳри Лоҳур 42 нафар кушта ва дасти кам 180 тани дигар захмӣ шуд. То кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо ифротгароёни исломӣ, аҳли тасаввуфро бидъаткор медонанд ва дар гузашта ҷараёнҳои ғайрисунниро мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд. Моҳе пештар дар масҷиди пайравони Аҳмадия дар Лоҳур, гурӯҳи бомбгузорони интиҳорӣ 80 нафарро куштанд.
XS
SM
MD
LG