Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Ҳилларӣ Клинтон бо ҳамтои украиниаш


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, дари НАТО ҳамчунон барои Украина боз аст. Ӯ баъди мулоқот бо Константин Гришченко, ҳамтои украинии худ дар шаҳри Киев гуфт: "Украина кишвари мустақил ва соҳибихтиёр аст ва ҳаққи интихоби эътилофҳои худро дорад. Дари НАТО ҳамчунон боз аст, вале пеш гирифтани ин самт ва ё самти дигар барои манофеъи амниятии Украина дар ихтиёри худи ин кишвар аст. " Мақомоти Украина ба раҳбарии раиси ҷумҳур Виктор Янукович, аз ҳадафи ҳукумати ғарбгарои пешина, барои пайвастан ба НАТО даст кашиданд. Ҳилларӣ Клинтон пас аз Украина ба Лаҳистону Озарбойҷон ва Арманистону Гурҷистон низ сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG