Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдуҷалоли Ализода, раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, дар гуфтугӯи мустақими торнамои Озодӣ, ки 2-юми июл доир шуд, ба суолҳои сершумори хонандагон посух дод.

Бисёре аз суолҳои ширкаткунандагони гуфтугӯи мустақим атрофи барномаи таълим дар Донишгоҳи исломӣ буд. Абдуҷалоли Ализода дар ҷавоб ба ин суолҳо гуфт, дар ин донишгоҳ "ҳамаи шароит дар ихтиёри муҳассилин гузошта шудааст, то ки тамоми меъёрҳои шаръиро иҷро намоянд ва улуми диниро пурра биёмӯзанд".

Бархе аз хонандагон ба камбудиҳои шеваи тадрис дар ин донишгоҳ ва ҳатто ҷой доштани ҳодисаҳои фасод ишора кардаанд. Вале Абдуҷалоли Ализода мегӯяд, "дар Донишгоҳи исломӣ то ба ҳол чунин ҳодисаҳои ришвахорӣ рух надодааст ва раҳбарияти донишгоҳ пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, ки пеши роҳи ҳар гуна фасодро гирад".

Вай гуфт, пас аз дарёфти суолҳои хонандагони Озодӣ як комиссияи махсус таъсис додааст, то давоми даҳ рӯз камбудиҳои зикршуда дар Донишгоҳи исломиро таҳқиқ ва ислоҳ кунанд.

Ҷавобҳои раиси Абдуҷалоли Ализода ба суолҳои хонандагонро метавонед дар ин саҳифа бихонед.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG