Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии сокинони Уляновск поён ёфт


Баъди ваъдаи мақомот барои набастани ду мактаб дар шаҳри Уляновск, омӯзгорону волидони ин минтақа ба гуруснанишинии якҳафтаинаи худ поён доданд. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, аз миёни панҷ мактабе, ки дар шаҳр бояд баста мешуд, дутои он соли ояндаи таҳсил низ барои муҳассилин боз хоҳад монд. Мақомоти Уляновск мегӯяд, коҳиши башиддати аҳолии шаҳр, зарурати бастани 5 мактаби таҳсилоти ҳамагониро ба миён овардааст. Ин тасмими мақомот мояи норизоиятӣ ва гуруснанишинии сокинони Уляновск шуд.
XS
SM
MD
LG