Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври 14-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 4-уми июл баргузор мешаванд.

Бозиҳои даври 14-ум бидуни «Истиқлол» ва «Регар»

«Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ССКА «Помир»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Авиатор» бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Равшан»-и Кӯлоб дар шаҳри Ваҳдат бо тими «Хайр» рақобат хоҳанд кард.

Вале бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки мебоист 4-уми июл барпо мегашт, ба иллати ширкати «Истиқлол» дар бозии байналмилалии дӯстона ба рӯзи 21-уми июл гузаронида шуд. «Истиқлол» рӯзи 3-юми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими «Хессен Кассел»-и Олмон бозии дӯстона анҷом медиҳад, ки соати 17 шурӯъ мешавад.

Қаноат Латифов, мураббии калони дастаи «Истиқлол», ба радиои Озодӣ гуфт, пеш аз бозии дӯстона 3-юми июл соати 11 дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ бо ширкати раҳбарону мураббиёни даста доир мешавад. Вай афзуд, дар ин дидор, инчунин, бозии лотереяи молӣ баргузор хоҳад шуд, ки бурди аз ҳама бузурги он мошини сабукрави олмонии тамғаи «Volkswagen» мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки дастаи «Истиқлол» то ҳоло ягон бозиро бой надодааст ва барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад. Рақиби аслиаш - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода низ бохт надорад, инчунин ду бозӣ камтар анҷом додааст ва дар ҷадвали мусобиқа бо 28 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. «Истиқлол» ҳам 28 имтиёз ба даст овардааст, вале бо дарназардошти шумораи ғалаба ва таносуби тӯбҳо дар ҷои дуввум қарор дорад.

Воқеъан, Олимҷон Рафикови 48-сола, собиқ бозигари дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе, сармураббии тими «Истиқлол» таъин шуд. Вай, ки соли 2002-юм Мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскавро хатм кардааст, мураббии тимҳои футболи Русия – «Турбина» ва «КамАЗ»-и Набережние Челни, «Алнас»-и Алметевск буд. Ӯ солҳои охир дар бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон аввал дастаи наврасон ва баъдан тими кӯдаконро машқ медод.

Элайҷо Арийе: «Ман ба Гана мухлисӣ мекунам»

Дар ҳоле ки дар Африқои Ҷанубӣ марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 ҷараён дорад, баъзе аз намояндагони кишварҳои ширкаткунандаи даври чаҳорякниҳоии сабқати ҷаҳонӣ дар айни ҳол дар мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон ширкат меварзанд. Чунончи, нимҳимоятгар Элайҷо Арийе, легионер аз кишвари Гана, дар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекунад. Вай ба радиои Озодӣ гуфт: «Ман ба дастаи Гана мухлисӣ мекунам. Зеро ман дар он ҷо таваллуд шудаам. Падару модарам, ҳамаи аҳли оилаамон дар Гана ба сар мебаранд. Бозиҳоро тавассути телевизион тамошо мекунам. Ҳарчанд мухлиси Гана ҳастам, ба фикрам, тимҳои Ҳолланд ва Аргентина ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд».

Воқеъан, Гана ягона тими африқоист, ки ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 роҳ ёфтааст ва бо Уругвай рақобат мекунад. Ин бозӣ 2-юми июл соати 23.30 бо вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Пеш аз ин бозӣ соати 19 дастаҳои Бразил ва Ҳолланд рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG