Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба дафтари ҳамкори USAID дар Қундуз


Ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба дафтари як ширкати ҳамкори USAID як муассисаи имдодии Амрико дар шаҳри Қундуз дар шимоли Афғонистон, панҷ нафарро куштанд. Муҳаммад Умар, волии Қундуз гуфт, қурбониёни ҳамла, як шаҳрванди Бритониё, як олмонӣ, як филлипинӣ ва ду пулиси афғон будаанд. Ҷангҷӯён дар шаҳри Қундуз бинои муассисаеро ҳадаф гирифтанд, ки Оҷонси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои рушди байналмилалӣ кор мекунад. Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифта гуфтанд, ки ба шаш бомбгузори интиҳорӣ ва ҷангҷӯёни Толиб ба дафтари муассисаи имдодии Амрико ҳамла карданд. Ҳамаи ҳамлаварон ё бар асари инфиҷорҳо ва аз тири нерӯҳои Афғон ва Амрико ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG