Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон мегӯяд, дари НАТО барои Украина боз аст


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа гуфт, дари НАТО ҳамчунон барои Украина боз аст. Ҳилларӣ Клинтон, зимни мулоқот бо Константин Гришченко, ҳамтои украинии худ гуфт, Украина “кишвари мустақил ва соҳибихтиёр аст ва ҳаққи интихоби эътилофҳои худро дорад.” Мақомоти Украина ба раҳбарии раиси ҷумҳур Виктор Янукович, аз ҳадафи ҳукумати ғарбгарои пешина, барои пайвастан ба НАТО даст кашиданд. Рӯзи панҷшанбе, порлумони Украина бо тасвиби як қонун, ба ин кишвар мақоми “ғайримутааҳидро” дод. Ҳилларӣ Клинтон пас аз Украина ба Лаҳистону Озарбойҷон ва Арманистону Гурҷистон низ сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG