Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои сахти журналистон дар ҷануби Қирғизистон


Иттиҳодияи ҷамъиятии хабарнигорони Қирғизистон мегӯяд, ҳангоми инъикоси рӯйдодҳои низоъҳои қавмӣ дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод чандин хабарнигор мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар шаҳри Ӯш шаш хабарнигорро латукӯб кардаанд, якеи дигар сӯхтааст ва сарнавишти аксбардорм Фозил Сарибаев маълум нест. Хонаи чаҳор хабарнигори дигар низ ба оташ кашида шудааст. Ботир Мамадҷонов, наворбардори телевизионии маҳаллии Каромат Ти Ви баъди ҳамлаи бераҳмони издиҳом ба ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардошта ва ҳанӯз дар бемористон бистарӣ будааст. Иттиҳодияи ҷамъиятии хабарнигорони Қирғизистон мегӯяд, ки ба ин хабарнигорон кӯмакҳои молӣ кардааст. Дар ҷараёни низоъҳои қавмӣ дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод, дасти кам 291 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG