Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти тозаи ҳамлаи хунин ба маъбади Лоҳур


Бар асари ҳамлаи ду бомбгузори маргталаб ба як маъбади сӯфиён дар шаҳри Лоҳури Покистон 42 нафар кушта ва дасти кам 180 тани дигар захмӣ шуд. Ҳамла рӯзи панҷшанбе ва замоне рух дод, ки садҳо нафар дар маъбади Дото Ганҷбахш ҷамъ омада буданд. То кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо ифротгароёни исломӣ, аҳли тасаввуфро бидъаткор медонанд ва дар гузашта ҷараёнҳои ғайрисунниро мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд. Лоҳур бори дуввум аст, ки шоҳиди чунин бомбгузориҳои хунин мешавад. Моҳе пештар дар масҷиди пайравони Аҳмадия дар Лоҳур, гурӯҳи бомбгузорони интиҳорӣ 80 нафарро куштанд.
XS
SM
MD
LG