Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониёни ҳамлаи хунин дар Лоҳур афзудааст


Шаҳри Лоҳури Покистон рӯзи сиёҳеро пушти сар кард. Бар асари ҳамлаи ду бомбгузори маргталаб ба як маъбади сӯфиён дар ин шаҳр, бештар аз 40 нафар кушта ва дасти кам 120 нафари дигар захмӣ шуд. Ҳамла замоне рух дод, ки садҳо зойир дар маъбади Дото Ганҷбахш ҷамъ омада буданд. То кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо баъди амалиёти артиши Покистон дар такягоҳҳои Ал-Қоида ва Толибон дар шимолуғарби кишвар, онҳо ин ҳамлаҳои талофиҷӯёна анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG