Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Қирғизистон кумаки низомӣ мекунад


Ҳукумати Тоҷикистон феҳрасти навъҳои кумаки низомии худ ба Қирғизистонро ба Созмони Паймони амнияти дастиҷамъӣ пешниҳод кард ва изҳор дошт, ки омодааст дар доираи ин созмон ба хотири амну субот дар кишвари ҳамсоя ҳамагуна ёрии худро расонад.

Дар ин бора Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, пас аз дидор ва гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон эълон кард.

Вай гуфт, бо президенти Тоҷикистон наҳваи расонидани кумак ва масъалаи ба кадом маҳалли Қирғизистон бурдани кумаки низомиро баррасӣ кардааст.

«Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон итминон дод, то ҳадди имконе, ки сохторҳои низоми Тоҷикистон дорад, Душанбе кумаки худро ба Қирғизистон ироа хоҳад кард. Мо ҳатто наҳваи расонидани ёрӣ, теъдод ва навъҳои кумакҳои низомӣ, ҳамчунин масъалаи ба кадом нуқтаи Қирғизистон расонидани онҳоро баррасӣ кардем».

Нахустин кумаки низомии Тоҷикистон ба дигар кишвар

Ин нахустин бор аст, ки Тоҷикистон барои кумаки низомӣ ба як кишвари дигар изҳори омодагӣ мекунад. Вале дар мавриди он, ки ин кумаки низомӣаз чӣ иборат хоҳад буд, то ҳол иттилои расмӣ пахш нашудааст. Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегуянд, Тоҷикистон омода аст, аз лиҳози имконот ва тавоноии низомие ки дорад, ҳамагуна ёриро ба кишвари ҳамсоя расонад.

Собиқ муовини вазири дифои тоҷикистон генерал Абдулло Ҳабибов бар ин назар аст, ки Тоҷикистон чунин тавонро дорад, ки ба хотири амнияту субот ба кишвари ҳамсоя дасти ёрӣ дароз кунад, зеро нооромиҳо дар як кишвари минтақа ҳатман ба кишварҳои дигар таъсир хоҳад кард.

Дасти қочоқбарони маводи мухаддир дар ҳаводиси Қирғизистон

Агар яке аз сабабҳои ёрии низомии кишварҳои узви СПАД ба Қирғизистон ба эътидол овардани вазъи ин кишвар бошад, сабаби дигарро Николай Бордюжа дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсози мубориза бо маводи мухаддири Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки имрӯз дар Душанбе оғоз ба кор кард, чунин шарҳ дод:

«Барои ман тааҷҷубангез аст, ки пас аз нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон ин ҳамоиш сурат мегирад. Илова бар ин, натиҷаи сафари ман ба маҳалли низои Қирғизистон нишон медиҳад, ки дар ҳаводиси ин кишвар дасти қочоқбарони маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ дида мешавад. Имрӯз озодона мешавад гуфт, ки ҷануби Қирғизистон ба як гузаргоҳи аслии қочоқи маводи мухаддир табдил шуда, маводи нашъаовари Афғонистон тавассути ин кишвар ба Қазоқистон ва аз онҷо ба Русия ва Аврупо интиқол меёбад».


Хатари ноамниҳои Қирғизистон ба минтақа

Ба назари таҳлилгарон, агар имрӯз ба Қирғизистон кумакҳои кишварҳои узви СПАД расонида нашавад ва барои ҷилавгирӣ аз бурузи ҳаргуна ноамниҳо чораҳои амалӣ роҳандозӣ нагардад, ин кишвар ба як нуқтаи дигари хатарзо дар минтақа табдил хоҳад шуд.

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СПАД Николай Бордюжа кумаки низомии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Қирғизистонро барои таъмини амният ва коҳиши ташаннуҷ дар Қирғизистон муҳим хонданд.

Тарҳи кумакҳои низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Қирғизистон 14-уми июн дар нишасти изтирории дабирони Шӯрои амнияти ин созмон дар Маскав омода шуда буд. Тибқи ин тарҳ, кишварҳои узви СПАД, ба хусус Русия ва Қазоқистон, ба мақомоти амниятии Қирғизистон чархболҳо, зиреҳпӯшҳо, мошинҳои боркаши низомӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти фаннӣ ироа хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG