Пайвандҳои дастрасӣ

Мутахассисони ташхисгоҳи корхонаи «Востокредмет»-и шаҳри Чкаловск ҳамроҳи як гурӯҳи олимон аз маркази илмии шаҳри Юлихи Олмон, дар авохири моҳи равон ба таҳқиқи вуҷуди зарраҳои радионуклоид дар партовгоҳҳои Суғд ва таъсири он ба сокинони маҳаллӣ мепардозанд.

Бино ба хабари расмӣ, ин барнома дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо Маркази байнулмилалии илмиву техникӣ, мақарраш дар Маскав тӯли як моҳ идома карда, дар 2–3 моҳи дигар аз он дар марказҳои пажӯҳишии Тоҷикистон ва Олмон натиҷагирӣ мешавад.

Барои роҳандозии ин пажӯҳиш чаҳор донишманди олмонӣ даъват шудааст ва онҳо бо худ ба Тоҷикистон дастгоҳҳои муосир хоҳанд овард.

10 партовгоҳ бо 50 миллион тонна радиоактив

Шимоли Тоҷикистон дорои 10 партовгоҳ бо беш аз 50 миллион тонна моддаҳои радиоактив буда, дар солҳои ахир ҷиҳати омӯзиши вазъ ва таъсири манфии онҳо ба одамон ва муҳити зист пажӯҳишҳое бо дастгирии Оҷонси байнулмилалии назорат аз нерӯи ҳастаӣ - МАГАТЕ рӯи даст гирифта шудааст.

Вале таҳқиқоти нав дар ин самт чӣ тозагӣ ва муҳимияте хоҳад дошт? Мутахассисони корхонаи «Востокредмет» мегӯянд, ки дар Тоҷикистон барномаи омӯзиши вуҷуди зарраҳои радионуклид дар партовгоҳҳо ва ҷисми сокинон бори нахуст рӯи даст гирифта мешавад.

Ба гуфтаи онҳо, радионуклид ин зарраи нурафканест, ки ҳамроҳи ҳавою об ба ҷисми инсон дохил мешавад ва қисме ба таври табиӣ хориҷ гашта, қисме дар бадан боқӣ мемонад ва таъсири манфӣ мерасонад.

Зиндагӣ дар паҳлӯи партовгоҳҳои маргбор

Натиҷаҳои ин пажӯҳиш ва ба даст овардани ин маълумот ба саволе посух хоҳад дод, ки зарраҳои радионуклид ба сокинони маҳалҳои наздики партовгоҳҳои Суғд чӣ гуна таъсир мерасонад ва вазъ дар ин маврид чӣ гуна аст.

Абдуҷаббор Саломов, муовини раҳбари Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радитсионии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ чунин пажӯҳишро дар ҳифзи сиҳати сокинон ва муҳити зист муҳим хонд. Вай гуфт, ки натиҷаи ин пажӯҳиш дар қиёс бо натиҷаҳои таҳқиқотҳои пештара хулосаҳои илмиро дар ин самт комилтар хоҳад кард.

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Саломов, таҳқиқоти солҳои гузашта ба дараҷаи наздик ба эътидол будани зарраҳои радионуклид дар масофаи 500 дуртар аз партовгоҳҳои Суғд ва аз меъёр зиёдтар будани он дар оби маҳалро ошкор сохтааст.

Ҳамчунин мутахассисон муҳимияти ин барномаро аз нигоҳи илмӣ ва тиббӣ дар он мебнинад, ки то кунун дар Тоҷикистон пажӯҳиши амиқе дар ин самт анҷом нагирифта ва маълумоти саҳеҳе ба даст оварда нашудааст.

Таъсири рурҳои радиоавтик ба Сирдарё

Қадами дуввуми ин барнома, ба гуфтаи мутахассисони корхонаи «Востокредмет», омӯзиши «сайр»-и обии зарраҳои радионуклид дар ҳавзаи рӯди Сирро дар бар хоҳад гирифт, ки барои ҳифзи сиҳати сокинон ва муҳити зисти минтақа муҳим хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз табибони саратоншинос ва бемористонҳои маҳалҳои наздик ба партовгоҳҳои радиоактивии Суғд дар солҳои ахир аз таъсири манфии нурафкании радиоктивӣ ба сокинони маҳалҳои наздик ба партовгоҳҳо ва афзоиши бемориҳои мухталиф, махсусан – саратон миёни онҳо ҳарф мезананд.

Як хонуми табиб аз шаҳраки Табошар, 30 километрии шимоли Хуҷанд, ки нахост номаш ошкор шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар давоми солҳои ахир дар ин маҳал гирифторони бемориҳои саратон, хун ва ноқис таваллуд шудани тифлон зиёд ба қайд гирифта мешавад.

Афзоиши кӯдакон бо нуқсҳои модарзодӣ

Ба гуфтаи вай, ҳарсола аз миёни кӯдакони ин маҳал 3–4 нафар бо нуқсҳои модарзодӣ ба дунё меоянд ва табибону сокинон ин ҳамаро аз таъсири манфии партовгоҳи бози радиоактиви канори Табошар маҳал медонанд.

Аммо як омори саҳеҳ ва дақиқ дар бораи афзоиши бемориҳо миёни сокинони Суғд аз зарари партовгоҳҳои радиоактивӣ вуҷуд надорад ва ин мавзӯъ аз ҷониби мутахассисони атомшинос ва табибон на дар давраи шӯравӣ, ки тақрибан ним аср силсилаи корхонаҳои мавсум ба «Востокредмет» ба истихроҷи уран ихтисос дошт ва миллионҳо тонна пасмондаҳои моддаҳои дорои радиоактивро дар канори маҳалҳои зист мерехт ва на дар замони истиқлолияти Тоҷикистон мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор нагирифтааст.

Ба омӯзиши ин мушкил ва шинохти авзоъ имкон дорад натиҷагирӣ аз таҳқиқоти зарраҳои радионуклид, ки ба гуфтаи дастандакорони ин барнома, дар муддати 2–3 моҳи баъд аз анҷоми он дар марказҳои илмии Тоҷикистону Олмон сурат бигирад, оғоз хоҳад ниҳод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG